Ба таваҷҷуҳи саҳмиядорони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" 18.07.2019

Ба таваҷҷуҳи саҳмиядорони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"



Тибқи қарори Шӯрои нозирони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Маҷлиси умумии солонаи саҳмиядорони бонк 20 августи соли 2019, соати 10:00 дар бинои Сарбонк бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 47 баргузор мегардад.

Рӯзномаи маҷлис:

1.     Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар соли 2018;

2.     Ҳисоботи аудити хориҷӣ доир ба натиҷаи фаъолияти бонк дар соли 2018;

3.     Ҳисоботи кумитаи аудити ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» доир ба натиҷаи фаъолияти бонк дар соли 2018;

4.     Тасдиқи тавозун ва ҳисоботи фоидаву зарар дар соли 2018;

5.     Тақсимоти фоидаи софи бонк дар соли 2018;

6.     Тасдиқи ширкати аудити хориҷӣ ва андозаи ҳаққи хизмати он;

7.     Аз ҷониби ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» харидорӣ намудани саҳмияҳои паҳнкардашуда;

8.     Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»;

9.     Масъалаҳои дигар.

Сабти номи иштирокдорони маҷлис – аз соати 8:00 то соати 9:30,
Телефон барои маълумот: (44) 600-41-45

Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40