Роҳбарият

Раиси Раёсати Бонк

Тоҷидин Пирзода

Муфассалтар



Тоҷидин Пирзода 15 марти соли 1965 ба дунё омадааст. Солҳои 1983-1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС дар ҳайати қувваҳои маҳдуди Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон адои хизмат кардааст. Барои хизмати арзандаи ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатӣ сарафроз гардонида шудааст: ордени «Ситораи сурх» (1985), ва медалҳои «Барои шуҷоат»(1985), «Аз мардуми шарифи афғон»(1989), «Барои корнамоиҳои ҷангӣ» (1990) ва «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ»; грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС. Полковники мустаъфӣ. Дар соли 1990 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм намуд. Дар солҳои 1991-1993 дар аспирантураи рӯзонаи Институти илмию татқиқотии сабзавотшиносии Маскав таҳсил намуд, бо омӯзиши технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот машғул буд. Дар соли 1996 рисолаи номзадӣ ва соли 2003 рисолаи докторӣ дар Академияи ба номи К.А.Тимирязеви ш.Маскав ҳимоя намуд. Ғоибона факултаи иқтисоди ДДМТ-ро бо ихтисоси «Молия ва қарз» ва факултаи энергетикаи ДТТ ба номи академик М.Осимиро дар ш.Душанбе хатм намудааст. Аз соли 2003 инҷониб ҳамчун профессори ҳамкор дар кафедраи «Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-ии ДАТ кор мекунад. Муаллифи 16 китоби дарсӣ, ду монография ва 200 мақолаи илмӣ мебошад. Аз моҳи майи соли 1997 то январи соли 2003 ба ҳайси намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус кор кардааст.

Аз соли 2007 ҳамчун Раиси Шӯрои нозирони Бонк фаъолият намуда, 17 марти соли 2012 Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» таъин гардидааст. 6-уми сентябри соли 2012 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷидин  Пирзода барои хизматҳои шоиста дар рушди иқтисод, соҳаи иҷтимоӣ, илм ва фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ бо ордени «Шараф» дараҷаи II сарфароз гардид.

Муовини Раиси Раёсати Бонк

Ғарибшоев Азизшо Қиматшоевич

Муфассалтар



10 январи соли 1969 таваллуд шудааст.
Факултаи «Баҳисобгирии буҳгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ»-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба номи В.И.Ленин хатм кардааст.

Муовини Раиси Раёсати Бонк

Ташрифов Маҳмадюсуф Сангинмуродович

Муфассалтар



3 марти соли 1969 таваллуд шудааст.
Факултаи иқтисодии Донишгоҳи  Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Факултаи иқтисодии Донишгоҳи  Миллии Австралияро хатм кардааст.
Доктори илмҳои иқтисодӣ (Канберра, Австралия)


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40