Харидорӣ намудани то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" 14.05.2018

Харидорӣ намудани то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"



Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) то 51% саҳмияҳои ҶСК

"Тоҷиксодиротбонк"-ро харидорӣ менамояд.

IMG_0339.JPG

11 майи соли равон дар доираи сафари ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода бо Раиси Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ (Saudi Investment Group) Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ доир гардид. Иштироки Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ  (Saudi Investment Group) дар ҳиссаи саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мавзӯи аслии ин мулоқот буд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то 51% саҳмияҳои ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" аз тарафи Гурӯҳи сармоягузории Саудӣ  (Saudi Investment Group) харидорӣ мегардад. Оид ба ин масъала байни тарафҳо шартномаи пешакӣ ба имзо расид. Бояд зикр кард, ки пас аз шурӯи давраи солимгардонии вазъи молиявии бонк ин аввалин тавофуқест, ки байни бонк ва шарикони хориҷӣ оид ба сармоягузорӣ дар чунин сатҳ ва ҳаҷм ҳосил мегардад ва он метавонад раванди солимгардонии вазъи молиявии бонкро суръати бештар бахшад.

Қобили ёдоварист, ки Шайх Валид Аҳмад Муҳаммад Ад-Даҳаш Ат-Тувайҷирӣ қаблан бо Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода мулоқотҳо анҷом дода, оид ба масъалаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон табодули назар намуда ва ба суолҳои худ посух гирифта буд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40