![]() |
22.05.2017ТИМИ МУШОВИРОНИ БОНКИ АВРУПОИИ ТАҶДИД ВА РУШД БА ТОҶИКСОДИРОТБОНК ОМАД |
22 майи соли равон мулоқоти Раиси Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода бо роҳбарияти ширкати «Алварез & Марсал» доир гардид.
Қобили ёдоварист, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ҷиҳати расонидани кумаки техникӣ ба Бонк ба Бонки аврупоии таҷдид ва рушд муроҷиат намуда буд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ширкати «Алварез & Марсал» (Alvarez & Marsal Europe Limited)-ро, ки бонкҳо ва муассисаҳои маъруфи ҷаҳон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои амалиётӣ, мушкилоти молиявӣ ва пайдо кардани роҳҳои баромадан аз вазъияти буҳронӣ ба он муроҷиат менамоянд, ба ҳайси мушовир интихоб намуда, ба Тоҷикистон эъзом кард.
Лоиҳа аз ду марҳала иборат буда, дар мараҳалаи аввал таҷдиди санҷиши маҷмӯии молиявӣ ва амалиявии бонк ва дар марҳалаи дуюм тавсияҳо оид ба дурнамо ва таҷдиди сохтори Бонк таҳия мегардад.
Кумаки техникии мазкур барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани самтҳои асосии фаъолияти ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва пурра барқарор намудани вазъи молиявии он равона карда шудааст.
23 май тими мушовирони БАТР иборат аз 7 нафар дар Тоҷиксодиротбонк ба фаъолият шурӯъ намуд.