Мулоқот бо ҳайати намояндагон ХБА дар Тоҷиксодиротбонк 23.05.2017

Мулоқот бо ҳайати намояндагон ХБА дар Тоҷиксодиротбонк



23 май дар ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" мулоқоти Раиси Раёсати бонк Тоҷидин Пирзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА), ки баҳри шиносоӣ бо раванди солимгардонии вазъи молиявии Бонк таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росса ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор шуд.

Раиси Раёсати бонк Тоҷидин Пирзода ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар чор моҳи аввали сол ва раванди иҷрои “Нақшаи чорабиниҳо оид ба стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2019” ва “Стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои солҳои 2017-2021” маълумоти мухтасар дод. Аз ҷумла, зикр шуд, ки Раёсати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бо  мақсади ба эътидол овардани вазъи молиявии Бонк тамоми воситаю имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дастуру супоришҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Шӯрои нозирони бонкро ба роҳбарӣ гирифта, дар ҳама самтҳо  фаъолияти худро ҷоннок намуда истодааст.

Бонк соли 2016-ро бо натиҷаи манфӣ чамъбаст намуда буд, вале фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли равон бо нишондиҳандаи мусбати  5,7 млн. сомонӣ ҷамъбаст намуд, ки ин яке аз нишонаҳои рӯ ба солимгардонӣ ниҳодани вазъи молиявии бонк ба ҳисоб меравад,-изҳор дошт Раиси Раёсати бонк Тоҷидин Пирзода дар поёни гузориш.

Дар навбати худ ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор оид ба масъалаҳои марбут ба солимгардонии вазъи молиявии бонк ба Раиси Раёсати бонк суолҳо дода, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Ҷаноби Пол Росса аз тарафи ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки кӯшишҳои тими роҳбарикунандаи бонк ва натиҷаҳои бадастомада қобили таҳсин аст ва изҳори умед намуд, ки дар ояндаи наздик Тоҷиксодиротбонк мақоми пешини худро дар низоми бонкии кишвар барқарор хоҳад кард.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40