Ҳаҷми хизматрасонии кортҳои пардохтии Тоҷиксодиротбонк афзоиш ёфт 14.01.2017

Ҳаҷми хизматрасонии кортҳои пардохтии Тоҷиксодиротбонк афзоиш ёфт



Аз 13 январи соли равон ҳаҷми хизматрасонии кортҳои пардохтии Тоҷиксодиротбонк афзоиш дода шуд. Акнун дорандагони кортҳои пардохтии Бонк имкон доранд, ки дар як рӯз ба ҷои 100 сомонии қаблан муқарраршуда  200 сомонӣ аз банкоматҳои Бонк пули нақд ба даст оранд ва дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба ҷои 150 сомонии қаблан муқарраршуда то 500 сомонӣ тавассути POS - терминалҳои Тоҷиксодиротбонк ва бонкҳои дигар пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом диҳанд.
Раёсати Тоҷиксодиротбонк бо истифода аз имконоти мавҷуда ҳамаи тадбирҳоро ба кор мегирад, ки дар самти хизматрасонии кортҳои пардохтӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, доираи истифодаи кортҳои пардохтиро дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ васеъ намояд. Барои ин Бонк заминаи кофии техникиро дар ихтиёр дорад. Айни замон 74 адад банкомати Бонк дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дорандагони кортҳои пардохтӣ хизмат мерасонад. Муштариёне, ки ба банкоматҳо дастрасӣ надоранд, метавонанд аз POS -терминалҳои Бонк дар филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ истифода намоянд.
Бонк  ба  нақша гирифтааст, ки дар ояндаи наздик, теъдоди POS -терминалҳои худро дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ба 500 адад расонад. Тоҷиксодиротбонк ҳамаи хоҳишмандонро дар ин самт ба ҳамкорӣ даъват намуда, насб кардани POS-терминалҳоро дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар муддати кӯтоҳ бо пешниҳоди хизматрасонии саривақтӣ таъмин менамояд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40