БА ТАВАҶҶУҲИ АМОНАТГУЗОРОНИ  ҶСК ТОҶИКСОДИРОТБОНК 31.12.2016

БА ТАВАҶҶУҲИ АМОНАТГУЗОРОНИ ҶСК ТОҶИКСОДИРОТБОНК



Раёсати ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" бо мақсади амалисозии чорабиниҳо оид ба солимгардонии фаъолияти Бонк аз 3 январи соли 2017 бо пешниҳоди тарофаҳои нав шартномаҳои амонатии муштариёнро бо шартҳои нав ба расмият медарорад.

Ба расмият даровардани шартномаҳо бо шартҳои нав аз 3 январи соли 2017 дар бинои Сарбонк ва ҳамаи филиалҳои Тоҷиксодиротбонк ба амал бароварда мешавад.

Бинобар ин, муштариёнро лозим меояд, ки барои ба расмият даровардани шартномаҳои амонатии худ бо шартҳои нав ба Сарбонк ва филиалҳои Бонк дар ҷои хизматрасониашон муроҷиат намоянд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40