Ба таваҷҷуҳи муштариёни Тоҷиксодиротбонк 18.12.2016

Ба таваҷҷуҳи муштариёни Тоҷиксодиротбонк



Аз 19 декабри соли равон банкоматҳои Тоҷиксодиротбонк дар саросари кишвар фаъол гардида, хизматрасонии дорандагони кортҳои пардохтии Бонк шурӯъ мегардад. Ҳар як муштарии Бонк имкон пайдо мекунад, ки ҳамарӯза ба маблағи 100 сомонӣ тавассути банкоматҳо пули нақд дастрас намуда, тавассути пос-терминалҳои Бонк то 200 сомонӣ дар марказҳои савдо ва хизматрасонӣ пардохтҳои ғайринақдиро анҷом диҳад.

Ҳамчунин,Бонк аз 3 январи соли 2017 бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба баргардонидани маблағҳои амонатии муштариёни тибқи ҷадвали тасдиқшуда оғоз менамояд. Амонатдорон имкон меёбанд, ки дар ҳар моҳяк бор як қисми муайяни маблағҳои амонатии худробо пули миллӣё эквиваленти он бо асъори хориҷӣдар Сарбонк ва филиалҳои Бонк дар муддати то як сол бозпас гиранд.

Инчунин,Бонк барои тақвият бахшидани раванди бозгардонии маблағҳои амонатии муштариён ИҚДОМИ музоядаи фурӯши амволи манқул ва ғайриманқули Бонкро аз қабили, манзил, офис, воситаҳои нақлиёт ва амволи дигар дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эълон менамояд. Иқдоми мазкур муддати ду ҳафта идома ёфта, ҳангоми хариди амвол ба амонатдорони Бонк имтиёз ва бартарӣ дода мешавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки амонатдорон мувофиқи андозаи маблағҳои амонатии худ амволи Бонкро бо истифодаи имтиёзҳо харидорӣ намоянд.

Ҳамчунин, Бонк миқдори муайяни саҳмияҳои худро бо нархи ниҳоӣ ба фурӯш мегузорад, ки иштироки шаҳрвандон дар он озод аст ва алабатта дар харидории саҳмияҳо низ имтиёзи авлавият ба амонатдорон ва муштариёни Бонк дода мешавад.

Ғайр аз ин, бо ҳар як муштарии Бонк оид ба баргардонидан ё тамдиди муҳлати амонатҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба он суҳбатҳои инфиродӣ гузаронида мешавад.

Шурӯъ аз 19 декабри соли равон хатҳои телефонҳои доимофаъол роҳандозӣ мегардад, ки ҳар як муштарӣ метавонад аз ҷойи худ истода бо Бонк тамос гирад ва оид ба навбати худ дар ҷадвали пардохти амонатҳо ва масъалаҳои дигар иттилоъ пайдо намояд.

 

Телефонҳо барои тамос: 

600 - 40 - 40,

600 - 44 - 41

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40