![]() |
16.12.2016Гусели 31 нафар кормандони Бонк ба нафақа |
16 декабри соли равон дар бинои Сарбонк маросими гусели ботантанаи 31 нафар кормандони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки ба синни нафақа расидаанд, баргузор гардид.
Раиси Раёсати Бонк Тоҷидин Пирзода аз кору фаъолияти софдилона ва хизматҳои шоистаи собиқадорон дар самти созандагӣ, иштироки фаъолонаашон дар таҳкиму тавсеаи шабакаи филиалҳои Бонк тайи солҳои Истиқлолият, тарбияи кадрҳои ҷавон ва саҳми сазоворашон дар боло бурдани сатҳи хизматрасониҳои муосири бонкӣ ёдовар шуда, аз номи роҳбарият ва ҳамкорон ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки кору зиндагии собиқадорон дар арсаи созандагию ободонии Ватан барои насли ҷавон ойинаи ибрат ва дарси матонату садоқат аст. Раиси Раёсати Бонк таъкид намуд, ки имрӯз ҳар як корманд бояд бо масъулияти бештар ва кори пурсамар ҷиҳати рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои бенуқсони вазифа ва уҳдадориҳои худ дар назди муштариён ва боло бурдани сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ кӯшишу талош намояд.