Фаъолияти Мудирияти муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” анҷом ёфт 14.12.2016

Фаъолияти Мудирияти муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” анҷом ёфт



Фаъолияти Мудирияти муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” анҷом ёфт

    

Мутобиқи моддаи 61-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дар асоси Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ба анҷом расидани фаъолияти Мудирияти муваққатӣ дар ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" таҳти № 168 аз 13 декабри соли 2016 фаъолияти Мудирияти муваққатӣ дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба анҷом расид.

Дар робита ба қарори мазкур 13 декабри соли равон Маҷлиси васеи ғайринавбатии саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» доир гардид, ки дар он Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷ. Нурмаҳмадзода, Муовини якуми Раиси БМТ Нуралиев Ҷ.К., Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддинзода И.Ҷ., Сардори Сарраёсати таҳлили микроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Бурҳонзода З.Ш., Директори Департаменти назорати бонкии БМТ Шарипов Н.Н., ҳайати Шӯрои нозирони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, саҳмдорони Бонк, роҳбарияти Бонк ва ҳайати Мудирияти муваққатии Бонк иштирок карданд.

Маҷлис барориши саҳмияҳои ҶСК«Тоҷиксодиротбонк» ва ҷойгиркунии онҳоро эълон намуда, ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК«Тоҷиксодиротбонк»-ро интихоб кард ва вобаста ба ин ба Оинномаи Бонк тағйирот ва иловаҳо ворид карда шуд.

Сипас, Шӯрои нозирони Бонк Тоҷидин Пирзодаро Раиси Раёсати ҶСК«Тоҷиксодиротбонк» таъин намуд.

Дар анҷоми Маҷлис Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дастур дод, ки дар муҳлати наздиктарин Шӯрои нозирони Бонк ҳайати нави Раёсати Бонкро таъин намояд. Дар сохтори Бонк тағйирот ворид ва сохторҳои воҳидии Бонк иваз карда шуда, вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон масъалаи ҷобаҷокунии кадрҳо дар Сарбонк ва филиалҳои Бонк аз нав дида баромада шавад. Ҷиҳати солимгардонии фаъолияти Бонк ҳар як корманд дар алоҳидагӣ вазифаи ба зиммааш вогузоршударо бо масъулият ва пурра иҷро намояд.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40