Суханони Абдулмуъмин Оев асос надорад! 16.08.2016

Суханони Абдулмуъмин Оев асос надорад!



Оев А. - Сардори хадамоти ҳифзи меҳнат,мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сухтори ҶСК”Тоҷиксодиротбонк” аз соли 2008 то инҷониб фаъолият намуда, барои таъмини пешгирии сухтор дар иншооти Ҷамъияти мазкур масъул аст. Ба зиммаи у инчунин назорати сенсорҳои зиддисухторӣ,ки пешгирии сухторро таъмин менамоянд вогузор карда шудааст.

Муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисухторӣ аз руи таъиноташон амалӣ нагашта, дар як чандтое аз онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гуш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз Мудирияти муваққатии дар Бонки мазкур таъиншуда ҷиҳати пешгирии чунин омилҳои ғайриқонунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба ин амал дахлдошта тасмим гирифтааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.

         Аз ҷониби кормандони Мудирияти муваққатӣ нисбат ба Оев А. ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст.

Хадамоти матбуот.

Ба қафо


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40