Саволҳо (F.A.Q)

1. Ҳангоми кор бо корти бонкӣ кадом истилоҳоти асосӣ истифода карда мешавад?

Авторизатсия - ин раванди гирифтани иҷозат аз бонки бароранда (эмитент) ва ё шахси дигари ҳуқуқии аз номи вай амалкунанда барои гузаронидани амалиёт аз рӯи корт мебошад. Дар сурати дода шудани чунин иҷозат меъёри (лимити) пардохтии корт ба маблағи амалиёт бо назардошти пули комиссионии бонк (агар бошанд) кам карда мешавад.
 
Эквайер - ташкилоти қарздиҳандаи иштироккунандаи низоми байналмилалии пардохтӣ буда, эквайринг ба амал меорад. 

Эквайринг - ба дорандагони корт пешниҳод намудани хизматҳо вобаста ба додани пули нақд тавассути нуқтаҳои пардохти пул, инчунин ҷуброн намудани воситаҳои пулӣ ба муассисаҳои хизматрасониву савдо аз рӯи амалиётҳое, ки бо истифода аз корти бонкӣ ба амал оварда шудаанд. 

Эмитент - ташкилоти қарздиҳандаи иштироккунандаи низоми байналмилалии пардохтӣ буда, бо барориши кортҳои бонкӣ машғул аст. 

Эмиссия - фаъолиятест вобаста ба интишори кортҳои бонкӣ, кушодани ҳисобҳо, хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавии муштариён ҳангоми ба амал овардани амалиётҳо бо истифода аз кортҳои бонкии аз ҷониби вай додашуда. 

Ҳисобот аз рӯи амалиётҳо бо корт (кортҳо) / Ҳисобот аз рӯи ҳисоби кортҳо - ҳуҷҷатест, ки аз ҷониби «Тоҷиксодиротбонк» таҳия гардида, тамоми амалиётҳои аз рӯи корт (кортҳо) дар давараи ҳисоботӣ баамаломадаро таҷассум мекунад. 

Ҳисоби корти бонкӣ (ҳисоби кортҳо) - ҳисоби шахсии шахси ҳуқуқӣ дар сохтори ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»- инчунин барои баҳисобгирии амалиётҳое, ки бо истифода аз кортҳои шахсии барои ин ҳисоб интишор гардида ба амал оварда мешаванд. 

Меъёри хароҷотӣ - меъёри харҷи воситаҳо аз рӯи корт аст, ки дар ҳудуди бақияи воситаҳои пулии дар ҳисоби корти бонкӣ (барои кортҳои дебетӣ) , маблағи бақияи воситаҳо дар ҳисоби корти бонкӣ, ҳаҷми кредити додаи «Тоҷиксодиротбонк» (барои кортҳои дебетӣ бо овердрафт), инчунин дар ҳудуди хатти кредитии бонки интишоркунанда (барои кортҳои кредитӣ) муқаррар карда шудааст. Меъёри хароҷотӣ аз рӯи Корти корпоративӣ аз ҷониби Муассиса муқаррар карда мешавад. 

Ҳисоби суғуртавӣ - ҳисоби махсуси бонкист, ки барои таъмини иҷрои кафолатноки пардохтҳо аз рӯи корти бонкӣ, инчунин бозпардохти қарзу фоизҳои он пешбинӣ шудааст. 

ПИН код - рақами мушаххаси фардӣ 

Маълумоти назоратӣ - калимаи асосӣ барои мушаххасоти минбаъдаи дорандаи корт. 

2. Ман иттилооти назоратии худро аз ёд баровардам.

Шумо бояд ба шӯъбаи кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ки дар он ҳисоби корт кушода шудааст, барои додани ариза дар бораи иваз кардани иттилооти назоратӣ (бо пешниҳод кардани шиноснома) муроҷиат намоед.

Таваҷҷӯҳ! Иттилооти назоратие, ки аз тарафи Шумо дар аризаи охиринатон оид ба ивази иттилооти назоратӣ нишон дода шудааст, барои тамоми кортҳое, ки аз ҷониби ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба номи Шумо кушода шудааст, амал мекунад (аз ҷумла, Кортҳои иловагие, ки ба номи Шумо ба ҳисоби дигар дорандагони Кортҳои асосии Бонк) интишор гардидааст. 

3. Ҳисоби кортро аз дигар шаҳр ва ё давлат чӣ гуна пур мекунанд?

Ҳисоби кортро аз дигар шаҳр ва ё давлат бо роҳи интиқол аз филиалҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ки дар ҳудуди ФР амал мекунанд ва ё бонкҳову муассисаҳои дигари бо интиқоли пул машғулбуда пур кардан мумкин аст. Барои ба расмият даровардани интиқол шуморо зарур аст мушаххасоти бонкеро, ки дар он ҳисоби корти шумо кушода шудааст ва рақами ҳисоби кортро дуруст нишон диҳед. Мушаххасотро барои ба расмият даровардани интиқол (ба асъори хориҷӣ ва сомонӣ) метавонед аз шӯъбаи кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дарёфт кунед.

4. Ба ғайр аз дорандаи корти асосӣ кӣ метавонад ҳисоби корти бонкиро пурра намояд?

Пурра намудани ҳисоби корти бонкӣ метавонад бо роҳи нақдӣ ё ғайринақдӣ аз ҷониби дорандаи корти иловагие, ки ба ин ҳисоб интишор гардидааст, ё аз тарафи шахси дигар амалӣ карда шавад. Дар ин сурат ваколатнома ё ҳуҷҷати дигаре талаб карда намешавад. Барои бо роҳи нақдӣ пурра намудани корт донистани ному насаби дорандаи корт зарур аст. Корт танҳо дар шӯъбаи кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ки аз рӯи нишонии к.Беҳзод, 47(а), ошёнаи 2 ҷой гирифтааст, бо роҳи нақдӣ пурра карда мешавад. Инчунин дар филиалҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»

Барои бо роҳи ғайринақдӣ пурра кардани ҳисоби корт донистани рақами корт ва мушаххасоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ки дар он ҳисоби корти Шумо кушода шудааст зарур мебошад. Сипас ин маълумот ба шахсоне, ки воситаҳои пулиро ба ҳисоби шумо мегузаронанд, ирсол мегардад. Ин маълумотро Шумо метавонед аз шӯъбаи кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дарёфт намоед. 

Телефон барои тамос: +992 (44) 600-40-40 card@tsb.tj 

5. Аз лаҳзаи ҳисоб кардани музди меҳнат дар корхона то гирифтани он аз корт бояд чанд вақт гузарад?

Воситаҳои пулӣ (пуле, ки ҳамчун музди меҳнат ворид мегардад) ва варақаҳои ҳисобкунии музди меҳнат ба ҳисоби кортҳои кормандони корхона на дер аз 3 соат аз лаҳзаи ворид гардидани онҳо аз Корхона ба шӯъбаи кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба дорандаи корт дода мешаванд. 

6. Аз куҷо метавонед дар бораи амалиётҳо аз рӯи корт маълумот гиред?

Барои гирифтани маълумот аз рӯи корт шумо бояд ба шӯъбаи кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» муроҷиат намоед. Ба Шумо иқтибосро аз ҳисоб пешниҳод мекунанд. Барои ин Шумо бояд шиноснома дошта бошед. 

Инчунин Шумо метавонед аз почтаи электронии зерин дар бораи тамоми амалиётҳои аз рӯи корт содиршаванда маълумот пайдо намоед: 

shamshod@tsb.tj

ё аз факсу +992 (37) 221-57-88. 

Таваҷҷӯҳ, дар ин сурат аз Шумо иттилооти назоратие, ки дар аризаи охиринатон дарҷ намуда будед, пурсида мешавад. 

7. Дар сурати дар ҳисобот амалиётҳои аз ҳисоби ман хориҷ гардида, ки ман онҳоро ба амал наовардаам ба назар расанд, чӣ бояд кард?

Шумо бояд ба шӯъбаи кортҳои пластикии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ки дар он ҳисоби корт кушода шудааст, бо ариза дар бораи транзиқдоми баҳснок муроҷиат намоед. Дар ариза бояд сабабҳои ба амал омадани мубоҳисаҳо дар атрофи амалиёт ва шартҳои содиргардии амалиётҳо нишон дода шаванд. Агар Шумо дар хориҷи кишвар бошед, метавонед аризаи худро дар бораи транзиқдоми баҳснок аз тариқи факси +992 (37) 221-57-88 ё почтаи электронӣ фиристед. Дар маълумоти ирсолкардаатон рақами корт, ному насаб, рақами телефони тамос, макони гузаронидани амалиёт (шаҳр, давлат), номи нуқтаи савдо, санаду маблағи амалиёт ва сабабҳои ба миён омадани баҳсҳоро нишон диҳед.

8. Барои пардохти молу хизматҳо тавассути шабакаи Internet аз кадом кортҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» истифода кардан мумкин аст?

Айни замон аз:

  • Visa Virtual
  • Visa Classic
  • Visa Gold
  • Visa Platinum
  • Mastercard Standart
  • Mastercard Gold

9. Оё барои додани пули нақд тавассути кортҳои байналмилалии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ягон маҳдудият вуҷуд дорад?

Тамоми маҳсулоти кортии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҳангоми аз ҳисоб гирифтани пули нақд (тавассути банкомат, ПОС-терминал) ва пардохти молу хизматрасониҳо дорои меъёри стандартии рӯзона мебошанд:

Кортҳо Банкоматы POS - терминал
Visa Electron500$ 1000$ 
Visa Classic600$2000$ 
Visa Gold2000$ 4000$

Бонкҳои беруна низ метавонанд ҳаҷми пули аз рӯи корт пардохтшавандаро маҳдуд кунанд: •Ҳангоми содиршавии як амалиёт дар банкомат
•Дар давоми як рӯз дар як идораи бонк. 

Ҳангоми тавассути хазинаҳои бонк ва нуқтаҳои пардохти пули нақд додани воситаҳои пули нақд бо мақсади роҳ надодан ба қаллобӣ ба таври ҳатмӣ тафтиши иловагии маълумотҳои инфиродии дорандаи корт ба амал оварда мешавад. 

10. Ҳангоми тағйир додани ному насаб, шиноснома, нишонӣ ва ё макони бақайдгирии зист, рақами телефон бояд чӣ кор кунам?

Тибқи қоидаҳои истифодаи корт шумо бояд сари вақт шӯъбаи кортҳои пластикиро аз тағйироти дар маълумоти шахсии шумо ба амаломада бохабар созед. Ҳангоми дигар кардани ному насаб шумо бояд бомуроҷиат кардан ба шӯъбаи корти пластикӣ кортатонро аз нав интишор кунонед.

11. Агар ба шаҳре, ки ҳисоби ман дар он ҷо кушода шудааст, омада натавонам, чӣ тавр метавонам ҳисобро бандам?

Дорандаи корт метавонад дар бораи бастани ҳисоби корт ба шӯъбаи кортҳои пластикии ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» муроҷиат намояд. Инчунин бо факси +992 (37) 221-57-88 ё почтаи электронӣ муроҷиат кардан мумкин аст.

Дар ин сурат дорандаи корт бояд корт (аз он ҷумла, кортҳои иловагии ба ҳисоб кушодашуда)-ро супорад.

Агар доранда бақияи ҳисобро аз макони пешбурди ҳисоби корт гирифтанӣ набошад, бояд ба таври иловагӣ дар бораи гузаронидани ҳисоб тибқи шакли аз ҷониби ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» муайяннамуда ариза пешниҳод кунад. Гузаронидани воситаҳои пулӣ аз ҳисоби корти доранда тибқи қоидаву тарофаҳои мавҷуда ба амал оварда мешавад.

12. Дар сурати ёфтани корти аз ҷониби ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» интишоргардида чӣ кор бояд кард?

Илтимос, барои аз он истифода намудан ҳатто кӯшиш ҳам накунед. Ба бонк тавассути телефони +992 (44) 600- 40 -40 муроҷиат намоед ва ё кортро ба шӯъбаи кортҳои пластикии бонк супоред.

13. Дар сурати гум кардани корт чӣ чора ҷӯям?

Дар сурати гум кардани корт фавран ба бонк тавассути телефонҳои +992 (44) 600-40-40 / 600-40-63, 600-40-64 занг зада хабар диҳед , то ин корти шумо муҳосира карда шавад.

Барои аз нав интишор кардани корт шумо бояд ба шӯъбаи кортҳои пластикии ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» муроҷиат кунед.  Агар корт ба лоиҳам музди меҳнат тааллуқ дошта бошад, пас мизоҷ бояд барои барҷорор кардани корт ба шӯъбаи муҳсибочи худ мироҷат кунад.

Диққат! Агар корти гумкардаатонро ёбед, барои аз он истифода намудан кӯшиш накунед, дар бораи ёфтани корт ба шӯъбаи кортҳои пластикии ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» хабар диҳед. (тел: +992 (44) 600-40-40.) 

14. Агар ПИН-коди корти маро шахси бегона фаҳмад, чӣ кор кунам?

Пеш аз ҳама, бояд эътибори (амали) кортатонро боздоред ва сипас барои аз нав таъйинкунии ПИН- код ариза нависед. Ё рамзи худро тавассути банкомат иваз кунед.

15. Агар банкомат кортро барнагардонад, чӣ кор кунам?

Пеш аз ҳама, иттилоотеро, ки дар банкомат таҷассум меёбад, бодиққат аз назар гузаронед. Одатан банкомат кортро дар давоми 1 дақиқа бармегардонад. Дар мавридҳои алоҳида (дар сурати ба амал омадани таъхир дар кори васоити алоқа) банкомат кортро дар муддати 5 дақиқа бармегардонад. Агар банкомат дар ин муддат ҳам кортро барнагардонад, ба бонке, ки банкоматро мондааст, муроҷиат намуда аз воқеаи ба амаломада хабар диҳед.

16. Дар сурати дар хориҷа гум кардани корт чӣ бояд кард?

Шумо бояд фавран эътибори (амали) кортро боздошта, дар бораи аз нав интишор намудани корт ариза нависед.

17. Макони ҷойгиршавии банкомат ва нуқтаҳои пардохти пули нақдро аз куҷо дарёфт кардан мумкин аст?

Шумо аз сомонаи ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» ( www.sodirotbonk.tj ), инчунин аз шӯъбаи кортҳои пластикӣ тавассути телефонҳои +992 (44) 600-40-40, 600-40-63, 600-40-64 нишонии банкомат ва нуқтаҳои пардохти пули нақдро дарёфт карда метавонед.

18. Дар куҷо метавонем бо шартҳои истифодаи кортҳои байналмилалии бонки ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» шинос шуда, дар бораи тарофаҳо иттилоот гирем?

Бо шартҳои истифодаи кортҳои байналмилалии бонки ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» ва маълумотҳо бо тарофаҳо метавонед дар сомонаи www.tsb.tj дар қисмати «кортҳои пластикӣ», инчунин дар шӯъбаи кортҳои пластикии ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» шинос шавед.

19. Барои гирифтани пули нақд аз рӯи корти ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» аз бонки беруна чанд пул гирифта мешавад?

Ҳангоми содир намудани амалиёт вобаста ба гирифтани пули нақд

Гирифтани пули нақд аз банкомат
Visa Electron1.40%, min $2.75
Visa Classic, Visa Gold1.40%, min $4.50  

Гирифтани пули нақд аз нуқтаи пардохти пули нақд
Visa Electron1.45%, min $3.85
Visa Classic, Visa Gold2.00%, min $7.75  

20. Ҳангоми харидорӣ намудан дар муассисаҳои тиҷоратӣ ва пардохти ҳаққи хизматҳо дар муассисаҳои хизматрасонӣ чанд пул гирифта мешавад?

Ҳангоми аз рӯи кортҳои пластикии ҶCК «Тоҷиксодиротбонк» пардохт намудани харидҳо дар муассисаҳои тиҷоратӣ ва хизматрасониҳо дар нуқтаҳои хизматрасонӣ пул гирифта намешавад. Бонк ба муштариёни худ имконият медиҳад, ки дар тамоми гӯшаҳои дунё аз рӯи корт бе пардохти ягон намуди ҳаққи хизмат (ҳаққи хизмат) харидорӣ кунанд а ё ҳаққи хизматрасониро пардохт намоянд.

21. Барои чӣ пас аз супоридани корт он фавран муҳосира (блокировка) карда мешавад?

Корте, ки супорида мешавад бо мақсади роҳ надодан ба содир шудани ягон амалиёт аз рӯи корти мазкур то ба дасти дорандаи он расидан аз ҷониби бонк муҳосира карда мешавад.

22. Корти MasterCard аз корти VISA? чӣ фарқ дорад?

Фарқи байни корти Master Card аз корти VISA дар онст, ки онҳо ба низомҳои гуногуни пардохтӣ тааллуқ доранд. Дар давлатҳои Аврупо ин кортҳо ба таври баробар паҳн шудаанд, вале дар минтақаҳои дигар корти VISA истифода мешавад. Аммо аз рӯи тартиби истифода онҳо аз якдигар фарқе надоранд.

23. Кортҳои Electron /Classic / Gold аз ҳамдигар чӣ фарқият доранд?

Ин кортҳои намудҳои гуногун буда, барои муштариёни категорияҳои гуногун пешбинӣ шудаанд. Корти стандартии Electron/Classic барои оммаи васеи аҳолӣ ва корти Gold барои муштариёни сарватманд пешбинӣ шудааст. Арзиши ба расмият даровардани корти Gold нисбати корти Electron/Classic қиматтар аст.

24. Корти электронии дебетӣ (амонатӣ) аз кредитӣ чӣ фарқ дорад?

Кортҳои дебетӣ ба муштарӣ имконият медиҳанд, ки дар ҳудуди бақияи пули дар корт буда амалиёт содир намоянд. 

Ҳангоми корбурди корти кредитӣ муштарӣ имконият дорад дар сурати нокифоя будани пули дар корт буда аз қарзи пешниҳоднамудаи бонк исифода намояд. 

25. Оё баъди аз кор рафтан корманди ташкилоте, ки бо бонк шартномаи музди меҳнат бастааст, ҳуқуқ дорад аз корти музди меҳнат истифода кунад?

Метавонад. Барои ин ӯ бояд ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба пойгоҳҳои маълумотии низоми кортӣ ариза нависад. Мизоҷ бояд бонк ҳзиршуда, корти музди меҳнатро ба корти шахсӣ табдил диҳад.

26. Оё ман метавонам аз корти худам ба корти одами дигар пул гузаронам?

Метавонед, барои ин бояд бо аризаи гузаронидани пул муроҷиат намоед. Ё метваон интиқолро тавассути банкомат аз корт ба корт анҷом дод.

Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40