Соҳибкории хурд ва миёна
ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» кор бо корхонаҳои соҳибкории хурд ва миёнаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ дониста, барои дарёфти роҳу воситаҳои муносибу мутақобилан судманд ва расонидани хизматҳои босифати бонкӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мекунад. Маҳз аз ин рӯ дар бонк барномаи қарздиҳии соҳибкории хурд ва миёна тавассути хатти амалкунандаи БРАА фаъолият менамояд, ки дар чаҳорҷӯбаи ин барнома соҳибкорон метавонанд аз маблағрасонии дастрас барои рушди фаъолияти соҳибкории худ истифода кунанд. Мо барои пурра намудани воситаҳои гардони шумо ва харидории таҷҳизоти нав шартҳои мувофиқи қарздиҳиро пешниҳод мекунем.
Шартҳои гирифтани қарз:
Муҳлати баррасии дархост: то 7 рӯз
Таъмини гарав: амволи ғайриманқул, маҳсулоти заргарӣ ва дигар амволи бозоргир ба гарав қабул карда мешавад.
Шартҳо: Фақат тиҷорати Шумо нархгузорӣ карда мешавад. Нақшаи - тиҷорат талаб карда намешавад.
Шартҳои асосии қарздиҳӣ:
Ҳаҷми маблағ: аз 100 то 100 000 доллари ИМА
Меъёри фоизӣ: бо доллари ИМА - 2,5 % дар як моҳ, бо сомонӣ - 3% дар як моҳ
Мақсад ва муҳлатҳои қарздиҳӣ: барои пурра намудани воситаҳои гардон - то 12 моҳ, барои дастрас намудани воситаҳои асосӣ-то 24 моҳ
Тарзҳои пардохти қарз:
- Ҳар моҳ, бо қисмҳои баробар
- Аз рӯи ҷадвал бо назардошти махсусиятҳои бонк
- Дар охири муҳлати муайянгардида
Қарзро чӣ тавр бояд гирифт?
Қадами 1. Ба мо бо рақами +992 (44) 600-40-56 занг занед ва ё ба филиали наздиктарин муроҷиат кунед.
Қадами 2. Бо мутахассисони мо шартҳои мувофиқи гирифтани қарзро баррасӣ намуда, ба саволҳоятон ҷавоб гиред.
Қадами 3. Ҳуҷҷатҳои барои дархости қарзгирӣ зарурро омода намуда, дар бораи вохӯрдан бо таҳлилгари қарзии Бонк маслиҳат намоед.
Қадами 4. Ба таҳлилгари масоили қарз корхона ва амволи ба гарав пешниҳодшавандаи худро нишон диҳед.
Талаботҳои асосӣ ба Қарзгиранда:
- Таҷрибаи на камтар аз 6 моҳаи соҳибкорӣ;
- Дар шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷойгир будани филалҳои бонк воқеъ будани тиҷорат
- Ҳуҷҷатҳои омодаи зарурӣ
- Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани қарз аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ заруранд
- Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани қарз аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ заруранд