Қарзи роҳ

Дар  якҷоягӣ бо БТС (Бонки тиҷоратию саҳҳомии)  «Русславбонк» ҶСК  «Тоҷиксодиротбонк» барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба мақсади кор ба Федератсияи Русия мераванд, имконияти беназири  гирифтани «Қарзи роҳ»-ро, бо пардохти  минбаъдаи он  дар ҳудуди  Русия тавассути низоми Contact фароҳам меоварад.

Шартҳои  бозпардохти қарз дар ҳудуди Русия:
  • Бозпардохти қарз ба таври ҳатмӣ танҳо тавассути  низоми Contact  сурат мегирад;
  • Ҳаққи пардохт барои интиқол тавассути  низоми Contact баҳри бозпардохти қарз  -– 2 %, min  - 40 рубл  ё  1 доллари ИМА;
  • Пешниҳод намудани корти мушаххаси қарзгиранда зарур аст.
Барои гирифтани  қарзи роҳ ҳуҷҷатҳои зерин  пешниҳод  карда мешаванд:
  • Маълумотнома аз ҷойи кори ҳар як кафолатдиҳанда  дар бораи музди моҳона дар давоми 12 моҳ;
  • Маълумотнома аз Маркази Ҷумҳуриявии клиникии психиатрӣ;
  • Маълумотнома аз ҷойи зисти қарзгиранда;
  • Нусхаи шиноснома аз 2 нафар кафолатдиҳанда ва худи қарзгиранда.
Маълумоти муфассалро вобаста ба  масъалаи пешниҳоди «Қарзи роҳ» ва бозпардохти он метавонед дар идораҳои ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» (Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин тавассути телефонҳои +992 (44) 600-40-50, +992 (44) 600-40-52, +992 (44) 600-40-43 пайдо кунед.
Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40