Қарз аз рӯи намуди изофабардошт
ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» қарзи кӯтоҳмуддатеро пешниҳод мекунад, ки барои амалӣ кардани пардохтҳо имконият медиҳад, ҳатто агар бақияи воситаҳои пулии дар суратҳисоб буда аз маблағи пардохт кам бошад. Дар айни ҳол барои муштариён чунин намудҳои изофабардошт дастрас мебошанд:
- Изофабардошт аз рӯи ҳисоби қарзӣ
- Изофабардошт аз рӯи суратҳисоб
Баҳрагир (бенефисиар): шахси ҳуқуқиест, ки тибқи қонунгузории ҶТ ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунад.
Ҳадаф: маблағрасонии ӯҳдадориҳои кӯтоҳмуддати муштарӣ дар сурате, ки дар ҳисоби муштарӣ муваққатан хароҷотҳо аз даромадҳо зиёд мебошанд.
Ҳаҷми маблағ: табқи меъёри ҳисобкардашудаи қарз
Муҳлат: на беш аз 1 сол
Асъори қарз: сомонӣ / доллари ИМА / евро
Афзалиятҳо барои баҳрагир (бенефисиар):
Аз рӯи зарурат дар ҳудуди маблағи ҳисобкардашудаи изофабардошт ба таври худкор дастрас намудани воситаҳои пулӣ барои пардохти кардани ӯҳдадориҳо;
Сарфа кардани вақту воситаҳо ҳангоми истифодаи изофабардошт;
Тартиби ягонаи баррасии аризаҳои қарзӣ;
Барои тамоми муҳлати амалидошти изофабардошт бастани қарордоди қарзӣ ва ба қайдгирии шартномаи гарав дар тамоми муҳлати амали овердрафт хароҷотҳоро барои гирифтани қарзи «овердрафт» дар муқоиса бо дигар намудҳои қарз паст менамояд.
Пардохти фоиз аз бақияи воқеии ҳисоби қарзии изофабардошт ба амал оварда мешавад ва ин дар сурати амалӣ кардани пардохти ҳаррӯза, боиси яке аз арзонтарин навъи қарз гаштани он мегардад.