Қарз барои рушди кишоварзӣ
ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» қарзе пешниҳод менамояд, ки барои рушди кишоварзӣ пешбинӣ гардидаст .
Бенефисиар(баҳрабаранда): шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории ҶТ ба қайд гирифта шуда, фаъолият мекунад, шахси воқеӣ
Муҳлат: на бештар аз 1 сол
Фаъолият: парвариши пахта
Таъминот: мавҷудияти таъминоти аз ҷониби бонк қабулшаванда, гарави амволи ғайриманқул, ҳосили пахта;
Маблағи таъминот бояд аз маблағи қарзи пурсидашаванда 2 маротиба зиёд бошад.
Талабот ба Қарзгиранда:
- Қарздор набудан дар назди сармоягузорони хориҷӣ
- Надоштани қарз дар назди бонк, буҷет, фондҳои иҷтимоӣ ва дигар қарздиҳандагон;
- Бо фоида ҷамъбаст намудани соли кишоварзии сипаришуда;
- Доштани замин ва мавҷудияти воситаҳои асосӣ
- Доштан гузаштаи мусбати қарзгирӣ.
Шартҳои маблағ гузорӣ:
Асъори қарз: сомонӣ ё доллари ИМА
Муҳлати қарз: то 1 сол
Меъёри фоиз: меъёри пасти фоиз нисбати қарзҳои тиҷоратӣ
Афзалиятҳо барои Қарзгиранда: барои менеҷмент ва хизматҳо ҳақ ситонида намешавад.