Кушодани ҳисоб

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк намуди хизматро  ба шахсони инфиродӣ ҷиҳати кушодан ва бурдани суратҳисобҳои бонкӣ пешниҳод менамояд. Мавҷудияти суратҳисоби бонкӣ ба мизоҷ имконият медиҳад воситаҳои мавҷударо навоварона ва самаранок  истифода барад ва маҷмӯи амалиётҳои бонкиро гузаронад.

Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ  барои кушодани суратҳисоб  дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”
  1. Оиннома ва ё ҳуҷҷати ба он баробар (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида)
  2. Шаҳодатномаи вазорати адлия дар бораи бақайдгирии оиннома (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида)
  3. Санади ташхиси ҳуқуқии оиннома (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида)
  4. Созишномаи муассисӣ  ( барои шахсони ҳуқуқӣ, ки муассис доранд ) (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида )
  5. Мактуби ахборотӣ аз  хадамоти андоз дар бораи додани РМА (асл)
  6. Маълумот  дар бораи қайди ФҲИА (ФСЗН), СИН  (асл)
  7. Маълумот аз идораи омор ҷиҳати додани рамзи ОКПО
  8. Ариза дар бораи  кушодани суратҳисоб дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”
  9. Корти намунаи имзоҳо,ки аз тарафи нотариус ё идораи болоӣ тасдиқ карда шудааст
  10. Нусхаи фармонҳо дар бораи тасдиқ намудани роҳбар ва сармуҳосиб
  11. Нусхаи гувохнома дар бораи доштани РМА
  12. Нусхаи шиносномаи роҳбар ва сармуҳосиб
  13. Созишномаи хизматрасонӣ
Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ  барои кушодани суратҳисоб  дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” барои нерезидентҳо – шахсони ҳуқуқӣ
  1. Оиннома ва ё ҳуҷҷати ба он баробар (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида)
  2. Шаҳодатномаи вазорати адлия дар бораи бақайдгирии оиннома (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида
  3. Санади ташхиси ҳуқуқии оиннома (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида)
  4. Созишномаи муассисӣ  (барои шахсони ҳуқуқӣ, ки муассис доранд ) (нусхаи дар нотариус тасдиқгардида)
  5. Мактуби ахборотӣ аз  хадамоти андоз дар бораи додани РМА (асл)
  6. Маълумот  дар бораи қайди ФҲИА (ФСЗН), СИН  (асл)
  7. Маълумот аз идораи омор ҷиҳати додани рамзи ОКПО
  8. Нусхаи иҷозатнома (ё гувоҳнома)-и  мақомоти ваколатдори мамлакати нерезидент дар давлати хориҷӣ.
  9. Ариза дар бораи  кушодани суратҳисоб дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк»
  10. Корти намунаи имзоҳо,ки аз тарафи нотариус ё идораи болоӣ тасдиқ карда шудааст
  11. Нусхаи фармонҳо дар бораи тасдиқ намудани роҳбар ва сармуҳосиб
  12. Нусхаи гувохнома дар бораи доштани РМА
  13. Нусхаи шиносномаи роҳбар ва сармуҳосиб
  14. Созишномаи хизматрасонӣ
Номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ  барои кушодани суратҳисоб  дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” барои  соҳибкорони инфиродӣ
  1. Шаҳодатнома ё иҷозатнома (патент) дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ (нусха)
  2. Мактуби ахборотӣ аз  хадамоти андоз дар бораи додани РМА (асл)
  3. Маълумотнома дар бораи қайди ФҲИА (ФСЗН) (асл)
  4. СИН  аз ФҲИА (ФСЗН)  (асл)
  5. Маълумот аз идораи омор ҷиҳати додани рамзи ОКПО
  6. Ариза дар бораи  кушодани суратҳисоб дар ҶСК “Тоҷиксодиротбонк»  
  7. Корти намунаи имзоҳо, ки аз тарафи нотариус ё идораи болоӣ тасдиқ карда шудааст
  8. Созишномаи хизматрасонӣ
Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40