Насби POS

POS-терминал -  ин терминали барномавӣ - дастгоҳист, ки барои  ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба воситаи кортҳои плостикӣ истифода мешавад. РОS - терминал (Point Of Sale) маънои нуқтаи савдоро дорад.Фарқи РОS - терминал аз дастгоҳи хазинавӣ дар ин аст, ки РОS - терминал имконияти  ҷамъ кардани маълумотҳоро барои таҳлили минбаъда  медиҳад, масалан кадом мол чӣ қадар харидорӣ гашт ва бо кадом тарз.

Кори РОS- терминал
Хазиначӣ кортро дар дастгоҳ ҷой мекунонад ва ё аз он мегузаронад, РОS - терминал маълумотро ҳисоб намуда шахсро мепурсад. Пас аз тасдиқи шахсият (ворид намудани рамзи  дурусти PIN ) ба таври худкорӣ чакро ба расмият дароварда чоп менамояд. Дар як вақт ба маркази протссесингӣ оид ба амалиёти гузаронидашуда маълумот фиристода мешавад.
Пардохти РОS - терминал имконият медиҳад, ки барои пардохт кортҳои байналмилалӣ, ба мисли VISA  ва Mastercard қабул карда шаванд. Ин  имконият медиҳад, ки мӯҳлати гузаронидани амалиётҳо хело кам карда шавад.

Бартарии истифодаи РОS - терминалҳо:
  • худкорӣ ва баҳисобгирии раванди пардохтҳо;
  • инкасатсия лозим намешавад, зеро нақдина истифода намешавад;
  • хазиначиро аз қабули пулҳои қалбакӣ ҳифз менамояд;
  • баландгардии ҳаҷми фурӯшро таъмин менамояд (мизоҷ ба хариди ғайринақшавӣ муносибати дигар дорад);
  • имконияти хато намудани хазинадорро ҳангоми кор бо мизоҷ аз байн мебарад.
POS - терминалҳо  доимӣ  (статсионарӣ) ва  ҳаракаткунанда (мобилӣ) мешаванд.

Шартҳои мо

Насб ва пешниҳоди дастгоҳ* Ройгон
Кушодани суратҳисоб* Ройгон
Ҳаққи хизмат барои амалиёт* 2%
Ҳаққи хизмат барои гирифтани нақдина аз хазина 0,5%
Кушодани корти дохилии бо суратҳисоби Шумо вобаста 12$
Пайвастнамоии хизматрасонии СМС - паёмак Ройгон
__________________________________________________________________

* Агар ширкат  хати барқи доимӣ надошта бошад, имконияти насби POS - терминал ва ҳаракаткунанда (мобилӣ)  мавҷуд аст.
* Имконияти алоқамандии POS - терминал ба суратҳисоби дигар бонк мавҷуд ҳаст.
* Вобаста ба гардиши ширкат фоизи хизматрасонӣ метавонад байни 0,5% то 2% бошад.
Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40