Амалиётҳо бо арзи хориҷӣ
Муносибати фардӣ ба ҳар як мизоҷ имконият медиҳад ҳамаи амалиётҳои бонкӣ дар сатҳи баланд, бо интихоби воситаҳои муносиби молиявии муомилот, паст намудани хавфҳои имконпазир, кам кардани хароҷотҳо ва ҳалли масъалаҳои сар зада худи ҳамон замон гузаронида шаванд.
Кушодан ва идораи суратҳисоботҳои арзӣ:
- Кушодан ва идораи суратҳисоботҳои арзӣ барои резиденетҳо;
- Кушодан ва идораи суратҳисоботҳои арзӣ ва дигар суратҳисобҳо барои ғайрирезидентҳо;
- Идораи суратҳисобҳо бо арзи хориҷӣ бо роҳи ба ҳисоб гирифани вуруд ба суратҳисобҳои ҷорӣ, гузаронидан ва истифодаи онҳо тибқи қонуниятҳои амалкунанда;
- Ба мизоҷон пешниҳод намудани нусхаи суратҳисобҳои арзӣ пас аз иҷрои амалиёт, амалӣ намудани дархостҳо дар бораи маблағҳои эҳтимолии ба манфиати Мизоҷ гузаронидашаванда ва дигар маълумотҳо аз рӯи амалиётҳои арзӣ;
- Пешниҳоди маводҳои дастурӣ аз рӯи амалиётҳое, ки бо арзи хориҷӣ гузаронида мешаванд;
- Амалӣ намудани хизматрасонии почта ва телекоммукасионӣ дар раванди гузаронидани амалиётҳои арзӣ.
Амалиёт оид ба харид ва фурӯши арзи хориҷӣ
Харид ва фурӯши асъори хориҷӣ бо супориши мизоҷ:
- дар Бозори байнибонкии асъор;
- дар дохили Бонк дар асоси муомилоти дутарафа бо қурби шартномавӣ.
Асъори дар асоси муомилоти дутарафа харидашуда,инчунин маблағи рӯзона бо сомонӣ аз фурӯши воситаҳои асъорӣ дар рӯзи амалӣ гаштани муомилот гузаронида мешавад:
- амалӣ намудани пардохти шартномаҳои хориҷӣ дар рӯзи гирифтани асъор.
- пешниҳоди иттилооти дастурӣ ба Мизоҷ аз рӯи амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ.
Амалиёт бо асъори хориҷии нақд:
- Қабул ва додани асъори нақди хориҷӣ мувофиқи тартиботҳои муқарраргардида;
- Расонидани асъори нақди хориҷӣ ва ҳуҷҷатҳои пардохт ба воситаи хадамоти инкасатсия;
- Қабул ва ивази пулҳои фарсуда. Гузаронидани ташхили пулҳои қоғазӣ.
Назорати асъор
Ҳамаи амалиётҳои асъорӣ тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи ҶТ дар бораи асъор амалӣ карда мешавад. Бонк мудом доираи намудҳои хизматрасониро,ки дар доираи фаъолияти берунии хориҷии мизоҷ пешниҳод мегарданд, васеъ менамояд:
- ба Шумо ба таври фаврӣ дар бораи ҳама дигаргуниҳо дар соҳаи қонунгузории асъор дар ҶТ иттилоот пешниҳод менмояд;
- дар танзими масъалаҳои БМТ ҳамкорӣ менамояд;
- оид ба тартиби амалӣ намудани амалиётҳои асъорӣ маслиҳат ва тавсияҳо медиҳад.
Самтҳо асосӣ:
- Санҷиши шартномаҳои иқтисоди беруна;
- Тасдиқи пешпардохти 100 фоиза ҷиҳати баровардани нахи пахта ва маҳсулоти пахтагӣ (асос Қарори БМТ №466 аз 19 декабри соли 2008" Дар бораи боэътибор донистани Тартиби ба расмият даровардани Шиносномаи муомилоти (ШМ) содироти махсулоти пахта аз тарафи бонкхои хизматрасон. 3123") ва дигар маҳсулотҳо)
- Назорати амалиётҳо вобаста ба интиқоли асъори хориҷӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кушодан ва идоракунии суратҳисоби махсус;
- Захираи воситаҳои пулии мизоҷ аз рӯи амалиётҳои асъорӣ.
Барои мизоҷоне, ки фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ мекунанд Бонк пешниҳод менамояд:
- Иттилоотрасонӣ дар бораи дигаргуниҳо дар соҳаи танзими асъор;
- Маслиҳатдиҳӣ дар арафаи омоданамоии шартномаи иқтисодии берунӣ;
- Ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои фаъолияти иқтисодии берунӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои назорати асъорӣ;
- Намудҳои гуногуни дастгирии итттилоотӣ доир ба ҳамаи масъалаҳои фаъолияти иқтисодии берунӣ, аз ҷумла пешниҳоди мавод барои назорати асъор дар воситаҳои электронӣ (қутрҳои СD), (шаклҳои ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, ҳуҷҷатҳои назорати асъор, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба қонунгузориии асъор);
- Назорати муҳлати аз тарафи мизоҷон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои назорати асъор ва гузаронидани амалиётҳои асъорӣ бо мақсади пешгирии аз тарафи мизоҷон вайрон намудани қонунгузории асъор аз рӯи суратҳисобҳо;
- Таҳияи тавсияҳо ҷиҳати то ҳадди аққал расонидани хавфҳои воридгарон ва содиргарон;
- Хизматрасонии VIP - мизоҷон.
Амонатҳои муҳлатнок:
- Кушодани амонатҳои муҳлатнок аз 6 моҳ то 3 сол;
- Фоизҳо аз маблағи воситаҳои гузошташуда вобастаанд.