Вазифаҳои озод

ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”  ҳамчун яке аз бонкҳои пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омодасозии кадрҳо диққати калон медиҳад. ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дорои Маркази таълимӣ буда, бо мақсади таъмини ҷойи корӣ  дар байни  хатмкунандагони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва ҷавонони  фаъолона рушдкунанда  кор мебарад. ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” муҳитеро ташкил мекунад ва нигоҳ медорад,ки ҳар як кормандро ба дастовардҳои бештар раҳнамун месозад, барои ҳамкорӣ, кор дар якҷоягӣ ва дарёфти донишҳои зарурӣ дар асоси талаботҳои  муосир барои  нафароне, ки дар назди худ мақсадҳои баланди касбӣ гузоштаанд, шароит фароҳам меоварад.

Ояндаро дар якҷоягӣ бо мо созед!



Эълони қабули кормандон ба Идораи аудити Дохилии Бонк

ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" барои қабули кормандон ба Идораи аудити Дохилии Бонк озмун эълон менамояд.

Барои довталабон собиқаи корӣ на камтар аз панҷсола дар ташкилотҳои молиявию қарзӣ ва таҷрибаву малакаи кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби муҳосибавӣ ва ҳисоботҳои молиявӣ ҳатмӣ мебошад ва таҷрибаи аудиторӣ на камтар аз 2 сол.

Ба донандагони забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) афзалият дода мешавад.

Озмун рӯзҳои 16 июн соли 2017 дар Сарбонк бо суроғаи: ш. Душанбе, кӯчаи Беҳзод 47 баргузор мегардад.

Парвандаи шахсӣ ба суроғаи sarbaland@tsb.tj исрол карда шавад.

Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин ҳатмист:

1.      Нусхаи шиноснома;

2.      Нусхаи диплом;

3.      Нусхаи сертификатҳо (такмили ихтисос);

4.      Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

5.      Шарҳи ҳол (чопӣ)


Калкулятори қарзӣ Калкулятори амонатӣ Маркази ёрирасон

+992 (44) 600 40 40